Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳамоиши идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия -…
Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳамоиши идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия - Манижабону Аминзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон - Шокирзода Маҳмадтолиб ва муовини аввали Директори генералии КВД «Точинвест» - Розиков Маҳмаднасим иштирок ва суханронӣ намуда кӯдакону наврасонро ба ин рӯзи ҷашни табрику муборакбод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барои болударуҳии кӯдакон бо иштироки ҳунармандони машҳури эстрадаи тоҷик барномаи консертӣ баргузор гардид.
Дар анҷом ба ҳама иштирокчиён тӯҳфахои хотиравӣ тақдим карда шуд.