Дар фестивали футбол бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” 26 даста аз ҳисоби вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштироки фаъолона намуда, байни ҳам рақобати ҷолибу диданӣ баргузор карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои беҳтарин муайян гардида, ғолибон бо дипломҳои дараҷаи I, II ва III, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.