eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Home
More
Executive body of state authority of the Ismoili Somoni district of the city of Dushanbe
News
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
25 February 2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдуллозода Фурқат, инчунин роҳбарияти мақомот,…
Previous slide
Next slide
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдуллозода Фурқат, инчунин роҳбарияти мақомот, кормандону фаъолони ноҳия муаррифии муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ" бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2026 Бозорзода Рустам Бозор ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Дар анҷоми маросим муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод кадри навтаъингардидаро ба муносибати таъин шуданашон ба мансаби масъулиятнок самимона табрик намуда, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ барору комёбиҳои назаррас таманно намуданд.
Centralised website of government and municipal services
PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Agency for Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan
On the Executive Body of State Authority
Activities
Documents
Contacts