eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Home
More
Executive body of state authority of the Ismoili Somoni district of the city of Dushanbe
News
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
13 February 2026
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Имрӯз аз ҷониби масъулини Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳиявию шаҳрӣ дар самти мубориза ба коррупсия, дар толори филиали…
Previous slide
Next slide
Имрӯз аз ҷониби масъулини Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳиявию шаҳрӣ дар самти мубориза ба коррупсия, дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 "Дар бораи "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии қишрҳои гуногуни ҷомеа, миёни кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ — омили муҳими муқовимат бо коррупсия” баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Ҷовидон Қодир, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Маҳмудзода Олим Ҳомид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор — Ғанизода Рустам Ғафур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Дар идома, баромадкунандагон вобаста ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми конференсия ба аъзоёни Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои босифати талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии коррупсия як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Centralised website of government and municipal services
PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Agency for Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan
On the Executive Body of State Authority
Activities
Documents
Contacts