Санаи 22 декабри соли 2025 вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳои муштарак дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло, мудири шуъбаи…
Санаи 22 декабри соли 2025 вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳои муштарак дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зоҳидзода Аҳмад, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Абдуллозода Бахтиёр ва мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо падару модарон ва хонандагони синфҳои 8-11 вохӯрӣ баргузор намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон дар доираи васеи масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз корд, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба зарурати баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак, муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои рафтору муносибат ва фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъкид карда шуд. Инчунин, наврасон ба омӯзиши ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, интихоби касб, риояи тарзи ҳаёти солим, иштирок дар чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва дурӣ ҷустан аз муҳити носолим раҳнамоӣ гардиданд.
Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва бозиҳои компютерӣ, истифодаи нушокиҳои спиртӣ, авбошии ноболиғон, истифодаи олотҳои халандаю бурранда ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои судманд дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудиди ноҳия, низ ба нақша гирифта шудааст.