Қӯтоспарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи мустақил ва ояндадор маҳсуб меёбад.
Қутосҳо ҷонварони аҷоибу беназиранд. Майлу рағбати ҳаётгузаронии онҳо дар ҳавои оксигенаш кам бештар аст, ки аз сатҳи баҳр дар баландии1,8-2,0 ҳазор метр ҷойгир буда, хуб афзоиш ва парвариш меёбанд. Хосиятҳои биологии онҳо, ки ба туфайли интихоби табиӣ дар давоми ҳазорсолаҳо ташакул ёфтаанд. Ин хосиятҳои физиологӣ ва аломатҳои камтағйирёбандаи ирсӣ барои қутосҳо доими мебошад
Хусусиятҳои биологии қутосҳо басо диққатангез аст. Ин намуди нодири ҳайвонот танҳо дар шароити ниҳоят сахти экологӣ-ҷуғрофӣ зиста метавонад. Шароити баландкӯҳи ва интихоби табиӣ барои қутосҳо, ҳамчун муҳити ғайриоддии биологӣ ва шарти доимӣ, мавҷудияти халалнопазири онҳо табдил ёфтааст. Бинобар ин, иқлими хушку хунук, биёбону чарогоҳҳои баландкӯҳи камалаф, яке аз талаботҳои ҳатмии биологии қутосҳо ба шумор меравад.
Аз ин сабаб, силсила кӯшишҳои олимони дунё бахшида ба водиҳо фаровардан ва омӯхтани қобилияти мутобиқшавии ин намуди чорво дар шароити нави экологӣ самараи дилхоҳ набахшид. Одатан чунин муҳити экологӣ барои парвариши дигар намуд чорвоҳоии хонагӣ номувофиқ буда, онҳоро ноҷинсу каммаҳсул мегардонад ва беҳуда нест, ки дар нашрия ва маъхазҳои илми чорводории ҷаҳон қутос чун «ҳайкали табиат» маънидод гашта ба «Китоби Сурх»-и сайёраи Замин дохил карда шудааст.
Вазни зиндаи қӯтосҳои калонсоли бо тарзи хӯроку нигоҳубини анъанавӣ парвариш ёфта, аз ҷумла; буққаҳои наслдеҳ-450-500, модаговҳо 320-360 кг. Баромади вазни хоси гӯшт 52,3-54,0 дар сад. Қутосҳои калонсол то 2-3 кг пашм (нах) медиҳанд, ки миқдори тибит ба 57,6-61,2 дар сад баробар аст.
Давраи ширдиҳи қутосҳо 6-8 моҳ буда, ширнокии онҳо ба 600-700 кг мерасад. Равғанокии таркиби ширашон назар ба шири модаговҳои муқаррарӣ 2 баробар зиёд (6,5-7,2 %), моддаҳои хушк бошад, нисбат ба модаговҳо (12,5 %) ба 19,9-21,4 % баробар аст.
Қобилияти устувори ба шароити кам ғизои, тобоварии табии, хусусиятҳои баланди ирсию биологӣ ва танумандии қутосҳои помирро олимону мутахассисони кишварҳои хориҷ низ эътироф намуда,ба қутоси Тибет шабоҳат доштани онро комилан тасдиқ мекунанд. Ба ин хотир, ҷинсҳои қутоси Помири барои фурӯши ба дигар вилояту кишварҳои кӯҳсори собиқ Иттифоқ бароварда мешаванд.
Мунтазам гузаронидани силсила тадқиқотҳои илмӣ ба омӯхтани хусусиятҳои ирсиву биологӣ, маҳсулнокӣ ва танумандии қутосҳои типи помирӣ мувофиқ ба шароити дигар минтақаҳои баландкӯҳи дар назди олимон ва мутахассисони кишвар иҷрои вазифаҳои ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоиро мегузорад.
Дар солҳои 80-90-уми асри гузашта сарфи назар аз душвориҳо олимони Институти чорводорӣ бо ҳамкории олимони Пажӯҳишгоҳи илмии чорвои гӯштии Федератсияи Русия имконияти гибридкунии модагови қутоси помириро бо ҷинси наринаи зоти гӯшти қалмиқӣ ба таври саҳеҳ бомуваффақият анҷом доданд. Бояд дарҷ намуд, ки чунин тарзи гибридкунӣ бори аввал дар қаламрави ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ гузаронида шуд. Тадқиқотҳои илмӣ- истеҳсолӣ бисёр сола нишон доданд, ки дар шароити баландкӯхи буққачаҳои говҳои маҳаллӣ дар синни 20-моҳагӣ – 379 кг, зоти қалмиқӣ – 465,3, қутосҳо – 249,0 кг вазни зинда дошта бошанд, пас буқкаҳои дурагаи қалмиқ бо говҳои маҳалли 417,0 кг, буққачаҳои гибридии қутос бо қалмиқ 442 кг вазн гирифтаанд. Яъне, вазни зиндаи наслҳои дурагаи маҳалли қалмиқӣ нисбати буққачаҳои қалмиқӣ ҳамагӣ 48,0 кг фарқ намуда, нисбати қутосҳо 193,0 кг ё (77,5 %) зиёд вазн доштанд.
Натиҷаи қассобӣ ва омӯхтани сифатҳои гӯштии ҷавонаҳо дар корхонаи коркарди гӯшт нишон дод, ки вазни холиси гӯшти танаи навбастҳои қутос ба 124,0 кг, маҳаллӣ – 196,0 қалмиқӣ 246 ва дурагаҳо 221 ва гибридҳо бошанд 237 кг расид. Вазни холиси гӯшти онҳо мутаносибан 54,0; 55,0, 56,0,55 ва гибридҳо55 % -ро ташкил дод, ки ин нишондодҳо дар шароити баландкӯҳ хеле бо самар мебошанд. Бояд изҳор намуд, ки гӯшти устухони ҷавонаҳои дурага ва гибридҳо нисбат ба қутосҳои ҳамсолашон қариб 2 маротиба зиёд буда, вазни холиси онҳо бо сифатнокиашон хеле бартари доранд.
Санҷиши ташхиси нишон дод, ки ғизонокии як кило гӯшти навбасҳои чорвои маҳаллӣ- 8,2 ва қутосҳо 7,4, қалмиқӣ – 9,1 дурагаҳо 8,6 ва гибридҳо бошад, ба миқдори 7,9 килоҷоул қуват доштанд. Яъне ғизонокӣ гӯшти ҷавонаҳои қалмиқӣ, дурага ва гибридҳо нисбатан зиёд буда, ба ҳадди гӯшти чорвои зоти гӯшти қариб баробар мебошад.
Аз ин хотир, одатан дар бисёр мамлакатҳои хориҷа тавассути гибридкунонии қутосҳо бо говҳои зотӣ, манбаи истеҳсоли гӯшту ширро пуриқтидор мегардонанд ва истеҳсолкунандагони ин намуди маҳсулотҳоро аз ҷиҳати моддию молиявӣ ҳавасманд менамоянд.
Муқаррар гардид, ки наслҳои нави дар ин ҷо бадастомада аз ҷиҳати инкишоф, гӯштнокӣ ва сифати гӯшт назар ба нахустпадари (авлодӣ) худ хеле бартарӣ доранд. Умуман илман асоснок шудааст, ки қутосҳои помирӣ дар шароити баландкӯҳи Яғнобу Искандаркӯли минтақаи шимоли тоҷикистон сифатҳои ирсиву маҳсулнокии худро бо беҳбудани сатҳи ҳосилнокии чарогоҳҳо ба наслҳоашон мерос дода нигоҳ дошта метавонанд.
Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ оид ба инкишоф ва миқдору сифати гӯшти қутосҳои помирӣ, ки дар мавзеъи Искандаркӯл таҳқиқ шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ки наринаҳои буқаҳои зотии қутосҳо то синни 8-моҳагӣ хеле зиёд (99,73 кг) вазн мегиранд. Афзоиши вазни мутлақ– 76,1 кг, афзоиши шабонарӯзии миёна бошад, 317 г-ро ташкил медиҳад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шири модарқутосҳо ба миқдори кофист ва насли онҳо аз алафҳои табии чарогоҳи нағз баҳравар мешаванд. Аммо, баъди аз модар ҷудо шудан – то 12-моҳагӣ калоншавӣ ва инкишофи гӯсолаҳо суст мегардад. Бо вуҷуди ин фасли зимистон, ки захираи организм барои зиндамонӣ сарф мегардад ва ба вазнафзунии онҳо дар фасли зимистон имконият намедиҳад.
Дар ин бобат ҷараёни калоншавӣ ва инкишофи қутосҳо дар 24, 36 моҳагӣ низ далолат менамояд. Ин ҳолат дар давраҳои дуюм ва сеюми зимистонгузаронии ҳаёти онҳо мушохида шуд. Дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ дар чарогоҳҳои баландкӯҳи чаридан қутосҳо зуд фарбеҳ ва инкишоф меёфтанд. Чунончӣ, дар синни 18 ва 30-моҳагӣ вазнгирии шабонарӯзии миёнаи онҳо мутаносибан 396 ва 536 г-ро ташкил намуд. Шояд, калоншавию инкишофёбии номураттаби қутосҳо, ки муқаррар шуданд, на танҳо ба шароити экстенсивии парвариш, балки ба хусусиятҳои биологии ин ҷинси нодир вобаста бошад.
Муқаррар гардид, ки қутосҳои помирӣ, ки дар мавзеъи Искандаркӯл дар шароити нав ташакул меёбанд, Дар шароити нигоҳубини якхела ба ишондиҳандаҳои муҳим, бузургвазни назар ба ташакулёбии ҳамҷинсони Мурғобиашон дар сини 8-моҳагӣ – 9,1 кг, 12-моҳагӣ – 5,3, 18-моҳагӣ – 6,7 ва 24-моҳагӣ – 31,9 кг вазнинтар буданд.
Шароити парвариш ва хӯронидани қутосҳо (чарогоҳӣ), яъне экстенсивӣ мебошад. Қутосҳоро аз рӯи ҷинс ва синну сол дар гурӯҳҳои алоҳида мечаронанд. Гӯсолаҳои қутосро бори аввал вобаста ба тарзи парвариш (пурра маконидан ё маконида дӯшидан) дар сини 2 – 2,5 солагӣ ҷуфтӣ мекунанд. Давраи ҷуфтикунӣ вобаста ба алафнокии чарогоҳ ва дараҷаи фарбеҳии қутосҳо аз моҳи июн то аввали моҳи октябр давом мекунад ва давраи наслгирӣ бошад, аз моҳи апрел то июл бештар ба таври мавсимӣ босуръат мегузарад.
Қутосҳо то 3 солагӣ бо суръат ва баъдан то 8 – 9 солагӣ ҳаддал имкон инкишоф меёбанд.
Давомоти давраи буғӯзии модаговҳои қутос ба ҳисоби миёна 258 рӯз буда, нисбат (аз модаговҳои мадани 30 рӯз кӯтоҳ) аст.
Қутосро ҳамчун ҳайвоноти саворӣ ё худ боркашӣ низ иститфода мебаранд. Иқтидори боркашонии қутосҳои корӣ дар шароити кӯҳӣ нисбат ба вазни зиндаашон 35-40 % ё худ ба ҳисоби миёна 120 - 140 кг-ро ташкил менамояд.
Мутаносибан афзоиши саршумор қутосҳо имкон медиҳад, ки мавзеъ ва ҳудудҳои наву пеш истифоданашуда барои истеҳсоли маҳсулоти ғизои муҳитан тоза зиёд гардад.
Муттаасифона, айни замон раванди корҳои селексионӣ-технологӣ дар хоҷагиҳои пойгоҳии қутоспарварӣ аз сабаби муҳаё набудани (шароити коргузориҳои илмӣ-технологӣ) ба талабот мувофиқ набуда ин ҳолат омили асосии коста гаштани хусусиятҳои сифативу маҳсулнокии қутосҳо мегардад. Азин ҷиҳат талаботи хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқониву шахсиро барои ба бозор тайёр намудани саршумори дилхоҳи қутосҳоро боз медорад. Бинобар ин, зарурияти воқеи пурзӯр намои раванди корҳои зотпарварӣ ва технологи ногузир аст. Бояд масъулини ноҳияҳо, мутахассисони соҳа ҳамкориро бо олимони Институти чорводории АИКТ тарафайн мустаҳкам намоянд. Мақсади асоси гузаронидани корҳои селексиониву технологӣ дар соҳаи қутоспарварӣ – ин ба таври васеъ ба роҳ мондани корҳои такрористеҳсолкунӣ, офаридани подаҳо, типу авлоди қутосҳо дар минтақа ва ноҳияҳои баландкӯҳ мебошад, то ин ки онҳо хусусиятҳои мутобиқшавӣ, тобоварӣ ва маҳсулнокии худро дар шароити мураккаби агроэкологиву чарогоҳҳои табиӣ нигоҳ дошта минбаъда миқдоран ва сифатан ташакул ёбанд.
Дар натиҷаи амали гаштани ин нақшаҳо имконияти хушзоту сермаҳсул ва ба содирот баровардани экотипи қутосҳои Тоҷикистон, чун ҳайвони нодири пурарзиш табтии ба кишвари мо манбаи воридоти арзи хоҳад шуд.