БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин аз ҶДММ “Шарифи Абдулло” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти коргарони ин корхонаи пунбатозакунӣ аз наздик шинос шуданд. Корхона чанд рӯз боз аз хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пахта қабул мекунад. Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки рафти қабули пахта дар корхона бо маром идома дорад.
Раиси ноҳия аз рафти қабули дастранҷи барзгарони хоҷагиҳои ноҳия қаноатманд гардида, ба маъмурият ва коргарони он бобати боз ҳам беҳтар намудани рафти қабули пахта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.