Иштирок дар маъракаи пахтачинӣ
Ҳамин рӯз меҳмонон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, муовини аввали Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар ва Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Набизода Фаррухуддин Амурдин бо рафти чиниши пахта дар Хоҷагии деҳқонии “Малика” (аз Ҷамоати деҳоти Панҷруд) ва Хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин” (аз Ҷамоати деҳоти Панҷоб) аз наздик шинос гардиданд. Ба меҳмонон ва Раиси ноҳия итталоъ дода шуд, ки дар Хоҷагии деҳқонии “Малика” дар майдони 2 гектар ва дар Хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин” дар майдони 6 гектар пахтаи навъи “Син Зян” корида шуда, алҳол аҳли заҳмати хоҷагиҳои мазкур ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд. Дар саҳро ҳосил фаровон аст.
Меҳмонон ва Раиси ноҳия дар чиниши пахта иштирок карда, ҳамзамон, ба деҳқонон дар ғунучини пахта барори кор хостанд.
Рафти ҷамъоварии “тиллои сафед” дар хоҷагиҳо авҷи тоза дошта, умед аст, ки хоҷагидорон аз уҳдаи дурнамои чиниши пахта бо сарбаландӣ мебароянд.
Некқадам Ашуралиев "Навиди Ҳамадонӣ"