7 October 2026
Боздид аз корхонаҳои коркарди пахта ва рафти пахтачинӣ дар
хоҷагиҳои деҳқонӣ
Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, муовини аввали Раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Набизода Фаррухуддин Амурдин ва дигар меҳмонон аз Корхонаи пахтатозакунии “Замин - Коттон” дар Ҷамоати деҳоти Даштигулло ва ҶДММ “Шарифи Абдулло” дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб дидан намуда, бо рафти кори корхонаҳои пахта ва рафти қабули дастранҷи деҳқонон шинос гардида, ба аҳли кормандони корхонаҳои мавриди назар таъкид намуданд, ки пахтаи аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ворид мешуда сари вақт қабул карда шуда, музди меҳнати онҳо сари вақт пардохт карда шавад.
Некқадам Ашуралиев "Навиди Ҳамадонӣ"