ҚИСМАТИ ТАНТАНАВИИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯ
Баъди роҳпаймоӣ дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия қисмати тантанавии чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиён ва сокинону фаъолони ноҳияро ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки садсолаҳо миллати тоҷик орзуи доштани давлати соҳибистиқлолро дар дил мепарварид ва маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат он амалӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардаанд: “Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.
Маҳз бо шарофату талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон зиндагии осоишта фаро расид, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар сарзамини мо сулҳи пойдор барқарор шуд, маҳз ба туфайли ҳаракатҳои пайвастаи халқ ва роҳбари хирадманди он, Тоҷикистон Ватани сулҳ ва кишвари соҳибихтиёр, демократӣ гардид.
Дар интиҳо ба як зумра фаъолони ноҳия Ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Ҷовид Қувватзода