Чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзишӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин сокинон, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Нахуст, чорабинӣ бо роҳпаймоии идона таҳти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, иштирокчиён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон, бо ташаббуси сокинон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бо баландии 10 метр ва хонаҳои истиқоматӣ барафрохта шуд, ки ин иқдом нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол мебошад.
Ҷовид Қувватзода