ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСҲОҚӢ ҲУСНИЯ ДАВЛАТАЛӢ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАНҶОБИ НОҲИЯ
Имрӯз, дар саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳия мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон ва интихобкунандагон баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ сокинони деҳаи Сайроб, ки бахшида ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда буданд, дидан намуданд.
Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Ҳусния ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин санаи муҳим 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки ин дастоварди арзанда ва беназири мардуми тоҷик маҳз бо талош ва ҷонбозиҳои шабонарӯзии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Заҳмату талошҳои Сарвари давлат нишонаи қаҳрамонию ҷонисории ӯ барои эҳёи дубораи давлату миллат ва аз байн нарафтани давлати тоҷикон мебошад. Имрӯз Истиқлоли давлатӣ барои мо сокинон шароити мусоиди зиндагӣ, кору фаъолият ва таҳсилу тадрисро фароҳам оварда, дар Тоҷикистони маҳбуби мо оромиву осоиш ва амнияту осмони софу беғубор ҳукмфармост.
Ҳамчунин, номбурда дар самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷӯҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ инчунин, оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуданд.
Ҷовид Қувватзода