ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ
Имрӯз дар асоси дустуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин дар Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо рафта истодааст.
Мавриди қайд аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ, сафед кардани дарахтон, ивази шиору овезаҳо, рангубори деворҳо ва хонаҳои истиқоматӣ, иваз кардани симчӯбҳои фарсудашуда дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мароми тоза дорад. Сокинон бо истифода аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳама якдилона ба ҳашар баромада, дар рушди маҳали хеш заҳмат кашида истодаанд.
Сокинони шарафманди ноҳия баҳри истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қувваю нерӯи худро равона намуда, ният доранд, ки Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Ҷовид Қувватзода