7 October 2026
Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин ба аёдати собиқадорони соҳаи тандурустии ноҳия рафт.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо собиқадорон ба хизматҳои арзанда ва саҳми онҳо дар рушди соҳаи тандурустӣ, тарбияи насли ҷавони кормандони тиб ва ҳифзи саломатии аҳолӣ баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки заҳмати фидокоронаи табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳама давру замон сазовори эҳтиром буда, таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти собиқадорони ин соҳа барои насли имрӯзаи кормандони тиб мактаби бузурги зиндагӣ ва касбият ба ҳисоб меравад.
Дар рафти аёдат ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз ва рӯзгори обод орзу карда шуд.
Собиқадорони соҳа аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуда, барои дастгирии пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ миннатдорӣ баён карданд.
Ҷовид Қувватзода