Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амрудин аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар боғи фарҳангию фароғатии назди МИҲД-и ноҳия дидан намуданд.
Мавриди қайд аст, ки бахшида ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сохтмони иншоотҳои гуногуни маишӣ бо маром идома дошта, он таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ идома дошта, сокинон баҳри истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши пайваста намуда истодаанд.
Ҳини боздид аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд.
Ҷовид Қувватзода