Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Комили Мирзоалӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин аз рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Нахуст меҳмонон аз рафти корҳои ободонӣ ва мумфаршсозӣ дар деҳаи Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ боздид ба амал оварданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо пайрави аз Пешвои муаззами миллат ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат доир ба эълон намудани Соли 2026 " Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" сокинони деҳаҳои Дараи Калот, Лаби Руд ва Қаҳрамони ин Ҷамоат иқдом гирифтанд, ки 14, 2 км роҳро мумфарш, 5, 1 км равшаннамоӣ ва ба 670 хоҷагӣ аз ҷуқурии 80 м оби тозаи ошомиданӣ таъмин намоянд.
Ин иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллиро меҳмонон шоистаи таҳсин ва намунаи ибрати дигарон номида, аз номи Пешвои муаззами миллат ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои мумфаршсозӣ таъкид шуд, ки сатҳу сифати корҳо ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ будани он ба назар гирифта шавад.
Ҷовид Қувватзода