Имрӯз дар кӯдакистони рақами 8-и ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҷидзода Фотима ва дигар меҳмонон чорабнии идонаи фарҳангӣ бахшида ба "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси ноҳия ҳозиринро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки кӯдакистон ҳамчун зинаи аввалини таҳсилот дар рушду инкишофи зеҳнӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак нақши муҳим мебозад. Аз ҳамин ҷиҳат, ҷорӣ намудани роҳҳои муассири таълим дар кӯдакистонҳо яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Зеро маҳз дар ин давра ҷаҳонбинии кӯдак ташаккул ёфта, қобилияту истеъдоди ӯ ошкор мегардад.
Сипас, кӯдакони боғча аз рӯи нақшаи чорабиниҳо як чанд суруду рақс, афсонаву саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳоди ҳозир намуданд, ки хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардонид.
Дар интиҳо ба фаъолон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҷовид Қувватзода