Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин бо навхонадорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҷавонон дар бунёди оилаи солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия зимни суҳбат иброз дошт, ки оилаи солим асоси ҷомеаи пешрафта буда, ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулият, эҳтироми ҳамдигар ва риояи суннатҳои неки миллӣ зиндагии муштараки худро оғоз намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ва таҳкими оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот ба навхонадорон оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тарбияи фарзандон, риояи фарҳанги оиладорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ навхонадорон барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баён карданд.
Ҷовид Қувватзода