Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тайи чанд рӯзи ахир дар байни ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Прокурори ноҳия баргузор гардида истодааст.
Имрӯз дастаи Прокуратураи ноҳия бо дастаи Шабакаҳои барқи ноҳия қувваозмоӣ намуданд. Бози басо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дастаи Прокуратураи ноҳия бозиро бо ҳисоби 5:3 ба фоидаи худ анҷом доданд.
"Навиди Ҳамадонӣ "