Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини аввал, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Сараввал, раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амруддин иҷроиши дастуру супоришҳои ҳафтаи гузаштаро аз масъулин пурсон шуданд ва баъдан баррасии масъалаҳои ҷаласа шуруъ гардид.
Масъалаи аввали ҷаласа – иҷроиши нақшаи андозҳо барои моҳи май баррасӣ гардид ва раиси ноҳия ба мутасаддиёни соҳа таъкид намуданд, ки нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз пурра иҷро карда шавад.
Доири масъалаи дигари ҷаласа, баҳисобгирии ҳисоботҳои оморӣ, кишти зироатҳо, бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси ноҳия дастур доданд, ки то бегоҳ аз натиҷаи иҷроиши ин корҳо ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин, масъалаҳои дигари ҷаласа - вусъат бахшидани рафти пилласупорӣ, иҷроиши корҳои саҳроӣ, пешниҳоди рӯйхати хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд, назорати хоҷагиҳои деҳқонӣ барои кишти такрорӣ баъди дарави ғалла, назорати ҷиддӣ аз болои сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии ҶТ, тозаю озода нигоҳ доштани иншоотҳои ҷашнӣ, ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорон барои ҷалби онҳо дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, ба роҳ мондани обуна ба рӯзномаи ноҳиявӣ дар Бозори марказӣ, ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳо, тозаю озода намудани кӯчаву растаҳои шаҳрак ҳаматарафа баррасӣ гардида, раиси ноҳия ба роҳбарону шахсони масъул бобати иҷроиши масъалаҳо таъкид намуданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷовид Қувватзода