Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Комили Мирзоалӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин аз рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зеристгоҳи барқӣ боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ аз корҳои сохтмонӣ таъкид шуд, ки то Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта мавриди истифода қарор дода шавад.
Ҷовид Қувватзода