Имрӯз муовини аввали Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, аз нашъу намо ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ шинос гардиданд.
Меҳмононро раиси ноҳия Набизода Фаррухуддин Амруддин, муовини аввали раиси ноҳия Мансур Сафарзода ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон бо рафти корҳои саҳроӣ – парвариши зироатҳои кишоварзӣ – гандум, чобуқ, ягонаи пахтазор дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи С.Турдиев ва Панҷоб шинос шуда, аз кори онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин, ба кишоварзон ҷиҳати хуб ба роҳ мондани нигоҳубини зироатҳои кишоварзӣ тибқи қоидаҳои агротехникӣ дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин, меҳмонон бо фаъолияти кишоварзони ҶДММ “Тоҷ - Агро” шинос гардида, ба заҳмати онҳо баҳои баланд доданд.
Ҷовид Қувватзода