Дар чаҳорчӯбаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин дар Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони "Шоми ҷавонӣ" бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадализода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, ба меҳмонон дастовардҳои варзишии Ҷамоат пешниҳод гардида, иштирокчиён намудҳои гуногуни бозиҳои варзиширо намоиш доданд.
Баъдан, ҳунарҳои мардумӣ ва нақшу нигори чеварони чирадасти Ҷамоат пешниҳоди ҳозирин гардид, ки меҳмонон ба он баҳои баланд доданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ як зумра ҷавонон, фаъолон ки дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳми худро гузошта истодаанд, бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Дар интиҳо барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, ки аз суруду таронаҳои дилошӯби ватандустӣ омода гардида буд, пешниҳоди ҳозирин гардидонида шуд.
Ҷовид Қувватзода