Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва як силсила масъалаҳои муҳимми рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи май баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба масъулин таъкид намуд, ки баҳри таъмини нақша тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳоло дар х\д Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия корҳои саҳроӣ вусъати тоза дорад.
Масъалаҳои назорат ва иҷрои корҳои саҳроӣ – аз қабили парвариши пахта, чобуқ, ягонаи пахтазор ҳаматарафа баррасӣ гардида, раиси ноҳия ба мутасаддиёни соҳа, раисони Ҷамоатҳои деҳот дастуру супориш ва тавсияҳои судманд доданд.
Дигар масъалаҳо – назорати пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ, бақайдгирии х\д дар шуъбаи омор, омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ пеш аз сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳия, таъмиру азнавсозии нимпайкараи Исмоили Сомонӣ, назорати сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати Ҷашни мубораки 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, ба нақша гирифтани сохтмони хонаи пиронсолон, пешниҳоди рӯйхати соҳибкорони ватанӣ, ҷалби соҳибкорон барои дастгирӣ дар сохтмони иншоотҳо дар ноҳия, таъмири мактабҳо, масъалаи ҷудо намудани замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чордара, назорат ва пурзӯр намудани гурӯҳҳои корӣ бо усули “Мактаб ба мактаб”, “Хона ба хона”, “Деҳа ба деҳа”, тоза намудани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраки Москва ва ҳамчунин, масъалаи иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияи ноҳиявӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амруддин ба роҳбарону шахсони масъул бобати иҷроиши корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷовид Қувватзода