Оилаи солим аз ҷомеаи солим сарчашма мегирад.
12.05.2025
Бахшида ба таҷлили Рӯзи оила, ки ҳамасола 15-май қайд мегардад, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи бахши САҲШ-и ноҳия оилаҳои намунавӣ аёдат ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Чунин як оилаи намунавӣ сокини Ҷамоати Панҷоби ноҳия
оилаи Мусоев Ҷура Ҳисайнович ва ҳамсараш Саидова Хосият Юсуфовна ғолиби озмуни вилоятии "Хуштомани беҳтарин", ки 40 сол боз зиндагии якҷоя дошта, соҳиби 8 фарзанд, 6 келин, 15 набера мебошанд. Хушбахтии ин оила дар он аст, ки фарзандонашон соҳибкор, табиб, корманди маориф, хизматчии давлатӣ кору фаъолият доранд. Ҳамчунин, ин оила соҳиби хоҷагии деҳқонӣ, ҳунари чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, ки дар маҳал соҳиби обрӯ ва нуфузи ҳамдеҳагонашон мебошанд.
Ҷовид Қувватзода