20-уми март дар саҳни ҳавлии Саридораи геология ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кулли кормандони Саридораро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оѓози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиату таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад.
Имрӯзҳо Наврӯзи аҷдодӣ марзҳоро убур карда, ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ Наврӯз ба як воситаи муҳимми таҳкими ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чорабиниҳои бошукӯҳи Наврӯзиро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намуда, бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ ва барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунанд. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар саросари кишвар намунаи баланди ахлоќӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстиро нишон медиҳад, ки меҳру муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба мероси фарҳангию таърихии он арзишҳои аслии ҳар як халќ ба ҳисоб меравад. Дар замони ҷаҳонишавӣ насли наврас ва насли ҷавонро зарур аст, ки барои эҳё ва ҳифзи ин ҷашни ниёгонамон саъю талош намояд.
Сипас, ба базми ҷамшедии Саридора рамзи баҳору Наврӯз - Бобои Деҳқон ва Маликаи Наврӯзӣ даъват карда шуданд. Маликаи Наврӯзӣ дар соли нави аҷдодӣ фаровонҳосиливу некфолиро ба сокинони мамлакат таманно намуда, Бобои Деҳқон бо дили гарм ба корҳои баҳорӣ оғоз бахшида, донаҳои гандумро ба замин пошид.
Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шӯҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър, дар саросари олам гардидааст.