ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Аз натиҷаи мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. бо Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон (12 августи соли 2025 ш. Душанбе)
12 августи соли 2025 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабирва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти миллӣ ва рушди устувори минтақа таҳдиди ҷиддӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияиин мулоқот ҳамчунин миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи зидди террористии Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки заминаи ҳамкориҳои мутақобил дар самтҳои дар боло зикршуда хоҳад буд.
Вохурӣ дар вазъияти дустӣ ва якдигар фаҳмӣ баргузор гардид.