8 августи соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи аввали соли 2025 ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби мақомоти прокуратура 4 610 санҷиш гузаронида, 2 977 (аз ин, 987 коррупсионӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, 45 127 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 199 379 нафар барқарор карда шуданд.
997,3 млн сомонӣ маблағи зарар (азин, 339,3 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.
Ба мақомот 22 019 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 1 657-тои онҳо қонеъ карда шудааст.
Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 754 (156-то нисбати мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз, 3 444 амру пешниҳод, ба қарорҳои ғайри қонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1275 эътироз оварда шуда, 90,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 5 233 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.
Прокуророн бо натиҷаи санҷиши вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳолатҳои зиёди дуздӣ ва талафоти беасоси қувваи барқ, тасарруфи таҷҳизот ва маблағҳои соҳа, порагирӣ, ғайри қонунӣ аз эътибор соқит намудани қарздории муштариён, беасос иваз кардани ҳисобкунакҳои барқӣ, ворид кардани тағйирот ба барномаи биллингӣ ошкор намудаанд.
Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 2 326 амр, 221 пешниҳод оварда, 3 813 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ кашида шуда, 175 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 273 млн сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнида шудааст.
Дар самти риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” 595 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, 281 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои вайрон кардани танзими ҷашну маросим 1252 нафар ва таълиму тарбия кӯдак 3 044 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 186 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Оид ба назорати риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳо вобаста ба ноболиғон ва ҷавонон 4 559 санадҳои эътиноӣ оварда, 6 919 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ кашида шуда, 499 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 27,4 млн сомонӣ зарар барқарор карда шудаст.
Прокуророн назоратро бо 7 546 парвандаи ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 7 147 парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 465,4 млн сомонӣ зарар ошкор, аз он 264,5 млн сомонӣ, аз ҷумла 144,7 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор намудаанд.
Дар ҷумҳурӣ 685 (879) ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористи дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 194 ҷиноят ё 22 фоиз кам гардида аст.
Дар нишасти матбуотӣ теъдоди зиёди рӯзноманигорон ширкат карда, ба саволҳои худ посухҳои ҳамаҷониба гирифтанд.
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги
қонунгузорӣ ва маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон