Мулоқот хусусияти расмӣ дошта, ҳамчун ташрифи эҳтиром аз ҷониби Сафир Мануэл Микаллер анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуданд. Мавзуи асосии мулоқотро талошҳои муштарак дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм, инчунин дигар таҳдидҳои фаромиллӣ, ки барои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд, ташкил дод.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. изҳори умедворӣ аз ҳамкории минбаъдаи судманд байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намуда, аҳамияти мубодилаи таҷриба ва иттилоотро ҷиҳати муборизаи самаранок бар зидди ин чолишҳо таъкид намуд.
Сафир Мануэл Микаллер дар навбати худ барои қабули гарм ба Прокурори генералӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои рушди муколамаи созанда ва таҳкими робитаҳо дар соҳаҳое, ки барои тарафайн манфиат доранд, тасдиқ намуд.
Мулоқот дар фазои дўстона ва созанда баргузор гардид.