General informationНизомномаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2021, №29 «Дар бораи низомнома, сохтор ва лимити шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (минбаъд - шуъба) воҳиди мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, сиёсати давлатиро оид ба хифз ва таъмини манфиатҳои занон ва оилаҳо тадбиқ намуда, барои расонидани кўмаки ҳамаҷониба дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, таъмини баробарии гендерӣ, боло бурдани фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии занон, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии занон дар ҳалли мушкилиҳои оила, ҳифзи модару кўдак мусоидат мекунад.