eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
2 October 2026
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Устодону омӯзгорони азиз! Бо фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбияи наврасону ҷавонон, омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба ҳар яки Шумо муваффақиятҳои…
Устодону омӯзгорони азиз!
Бо фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбияи наврасону ҷавонон, омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба ҳар яки Шумо муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Воқеан ҳам дар кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистони азиз, маҳз зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон мақому манзалати волоро соҳиб мебошанд. Маҳз ҳамин дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул намуданд. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони имрӯз қабули қонуни мазкуро зарур донистааст, зеро қабули ин қонун барои боло бурдани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба сифати омили муҳими мусоидаткунанда баромад мекунад.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш иброз доштаанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Зеро омӯзгор яке аз сутунҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути омӯзгор шахсият, фарҳанг ва ҷаҳонбинии насли нав ташаккул меёбад. Дар ин замина бояд гуфт, ки омӯзгор он шахсияти бузург ва нобиғае мебошад, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муарифӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт корҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Бори дигар тамоми омӯзгорон ва ҳампешагонро ба муносибати иди касбиашон табрик таҳният хонда, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар корҳои илмиашон барору муваффақиятҳо хоҳонам.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!