eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ОМОДА КАРДАНИ НАМУНАҲОИ АШЁИ МИНЕРАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ КИМИЁИ БА НОМИ И.В. НИКИТИНИ АМИТ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ОМОДА КАРДАНИ НАМУНАҲОИ АШЁИ МИНЕРАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ КИМИЁИ БА НОМИ И.В. НИКИТИНИ АМИТ
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
28 September 2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ОМОДА КАРДАНИ НАМУНАҲОИ АШЁИ МИНЕРАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ КИМИЁИ БА НОМИ И.В. НИКИТИНИ АМИТ
Имрӯз, 28 сентябр ба муносибати ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти кимиёи ба номи И.В. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ» бо иштироки президенти…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 28 сентябр ба муносибати ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти кимиёи ба номи И.В. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон ба истифода дода шуданд.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳи мазкур да
р доираи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ таъмин гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки «Озмоишгоҳи омода кардани намунаҳои ашёи минералӣ» барои омодасозӣ, майдакунӣ, ҷудокунии фраксияҳо, ғанигардонӣ ва коркарди ибтидоии канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва ғайримаъданӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин озмоишгоҳ марҳилаҳои гуногуни омодасозии намунаҳои маъданӣ ба роҳ монда шуда, барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъдаи лабораторӣ ва муайян намудани хусусиятҳои таркиби маъдан шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар озмоишгоҳи мазкур як қатор дастгоҳу таҷҳизоти муосири озмоишӣ насб гардидаанд, ки барои иҷрои корҳои гуногуни технологӣ ва таҳқиқотӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, сангмайдакунаки лунҷӣ барои поракунии маъдани синфи миёна, таҷҳизоти дорои осиёб барои майдакунии маъдан, флотомошина, асбоб барои ишқоронии маъдан, таҷҳизоти сепаратсияи электромагнитӣ, дастгоҳ барои донабандкунии нурии минералӣ, печ барои сӯзонидани маъдан, хушккунак барои хушк намудани маъдан, асбоб барои бехтани маъдан, инчунин компрессор ва насосҳо мавҷуд мебошанд.
Истифодаи чунин таҷҳизот имкон медиҳад, ки намунаҳои ашёи минералӣ дар марҳилаҳои гуногун омода ва коркард гардида, вобаста ба ҳадафи таҳқиқот хусусиятҳои физикӣ ва кимиёвии онҳо омӯхта шаванд. Ин раванд барои гузаронидани таҳқиқоти муқоисавӣ, муайян намудани таркиб ва хусусиятҳои маъданҳо, инчунин таҳияи усулҳои самараноки коркарди онҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Қайд гардид, ки самти асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии озмоишгоҳ ба омӯзиш, ғанигардонӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва ғайримаъданӣ алоқаманд мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои техникии озмоишгоҳи нав олимону муҳаққиқон метавонанд намунаҳои маъданҳои гуногунро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои самараноки коркарди онҳоро дар шароити лабораторӣ муайян намоянд.
Дар ин замина, дар озмоишгоҳ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиш ва коркарди намунаҳои маъданҳои конҳои маҳаллии тилло, нуқра, мис, сурб, руҳ, сурма ва маъданҳои фосфоритӣ ба роҳ монда мешаванд. Омӯзиши чунин ашёи минералӣ барои муайян намудани таркиби онҳо, хусусиятҳои технологӣ, дараҷаи ғанигардонӣ ва имкониятҳои коркарди минбаъда аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ барои таҳияи хати технологии коркарди маъданҳо корҳои озмоишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи чунин таҳқиқот марҳилаҳои гуногуни коркарди маъдан дар шароити лабораторӣ санҷида шуда, вобаста ба хусусиятҳои ашёи хом усулҳои мувофиқи майдакунӣ, ҷудокунии фраксияҳо, ғанигардонӣ ва коркарди минбаъдаи он муайян карда мешаванд.