eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
#Ҳадаф. ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ: ИНСТИТУТИ КИМИЁИ АМИТ ПУРРА БО БАЗАИ МОДДИВУ ТЕХНИКӢ ТАЪМИН ГАРДИД
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
#Ҳадаф. ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ: ИНСТИТУТИ КИМИЁИ АМИТ ПУРРА БО БАЗАИ МОДДИВУ ТЕХНИКӢ ТАЪМИН ГАРДИД
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
28 September 2026
#Ҳадаф. ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ: ИНСТИТУТИ КИМИЁИ АМИТ ПУРРА БО БАЗАИ МОДДИВУ ТЕХНИКӢ ТАЪМИН ГАРДИД
Имрӯз, 28 сентябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 28 сентябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқиотӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҷойгоҳи хосаро касб намуда, барои рушди минбаъдаи илмҳои бунёдӣ ва амаливу истеҳсолӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти олимону муҳаққиқон, инчунин таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин замина барои навсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми се соли охир зиёда аз 60 озмоишгоҳи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо техника ва технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки аз ин шумора 5 озмоишгоҳ ба Институти кимиё тааллуқ дошта, бо анҷоми корҳои таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ метавон гуфт, ки Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо заминаи муосири моддию техникӣ таъмин гардидааст.
Дар идомаи машварат таъкид гардид, ки фароҳам овардани чунин шароити муосир барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ имкониятҳои олимону муҳаққиқони Институти кимиёро дар гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳияи маводи нав, омӯзиши захираҳои ашёи хоми ватанӣ ва коркарди самараноки онҳо васеъ менамояд.
Зикр шуд, ки Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ дорои иқтидори баланди илмӣ буда, олимони муассиса дар самтҳои гуногуни илмҳои кимиё таҳқиқоти муҳимми илмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин замина, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, таҷҳизоти муосир ва озмоишгоҳҳои навсозишуда метавонад барои баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ба истеҳсолот ворид намудани натиҷаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки олимон, омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии дохилию хориҷӣ мебошад.
Дар машварат ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самараноки озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазгардонидашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Масъулини муассиса вазифадор гардиданд, ки таҷҳизоти дастрасшударо самаранок истифода бурда, барои нигоҳдории дуруст ва истифодаи дарозмуддати онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Қобили зикр аст, ки таҳкими заминаи моддию техникии Институти кимиё барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти кимиёвӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳа имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба таҳкими нақши илм дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда, рушди минбаъдаи фаъолияти озмоишгоҳҳо, ҷалби олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.