eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
БАРГУЗОРИИ ДАРСИ «ЗАН-САРВАР» БО ИШТИРОКИ СУДЯ САИДЗОДА МУҲАББАТ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
БАРГУЗОРИИ ДАРСИ «ЗАН-САРВАР» БО ИШТИРОКИ СУДЯ САИДЗОДА МУҲАББАТ
28 September 2026
БАРГУЗОРИИ ДАРСИ «ЗАН-САРВАР» БО ИШТИРОКИ СУДЯ САИДЗОДА МУҲАББАТ
25 сентябри соли 2026 дар доираи барномаи «Зан-Сарвар» бо гурӯҳи навбатии бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарси навбатӣ баргузор гардид. Дар он Саидзода Муҳаббат, судя, иштирок намуда, оид ба таҷрибаи фаъолияти касбӣ ва паҳлуҳои муҳими…
Previous slide
Next slide
25 сентябри соли 2026 дар доираи барномаи «Зан-Сарвар» бо гурӯҳи навбатии бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарси навбатӣ баргузор гардид. Дар он Саидзода Муҳаббат, судя, иштирок намуда, оид ба таҷрибаи фаъолияти касбӣ ва паҳлуҳои муҳими фаъолияти худ суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фарҳанги муошират, одоби муносибат дар ҷомеа, зарурати таҳсилу омӯзиш ва пайваста баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии занон, инчунин муҳимияти огоҳии ҳуқуқӣ ва донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Саидзода Муҳаббат бо такя ба дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти сабру таҳаммул, эҳтироми ҳамдигар, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва қадршиносӣ аз муҳити тинҷу ороми Тоҷикистони азизро таъкид намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи фарҳанг ва одоби оиладорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сабабу омилҳои ба миён омадани баъзе ҳолатҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ, эҳтироми ҳамдигар ва муносибати дуруст ба арзишҳои оиладорӣ аз омилҳои муҳими таҳкими оила ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми суҳбат иштирокчиён ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ саволҳо пешниҳод намуда, Саидзода Муҳаббат ба онҳо посухҳои мушаххас дода, тавсияҳои муфиду судманд ироа намуданд.
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan