Имрӯз, 18 сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки котибони илмии шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зертобеи АМИТ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа…
Имрӯз, 18 сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки котибони илмии шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зертобеи АМИТ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии АМИТ Қосимзода С.С. ва мудири бахши аспирантура, докторантура ва унвонҷӯӣ Аҳмадзода Ф.М. баромад намуда, ба ҳозирин доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2026, №591 дар бораи Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.
Қайд намуданд, ки айни замон диссертатсияи довталабони дараҷаҳои илмӣ дар 18 шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зертобеи АМИТ мавриди баррасӣ қарор гирифта истодаанд. Бо мақсади риояи талаботҳои муқарраршуда ташкили чунин вохӯриҳо аз манфиат холӣ набуда, котибони илмии шуро тартиби дуруст таҳия намудани парвандаҳои аттестатсиониро меомӯзанд.
Зимни баргузории ҷаласа котибони илмии шуроҳо ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифта, қайд намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои техникии қаблан ҷой дошта чораҳои заруриро меандешанд.