Имрӯз, 14 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Дар таъсиси гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ва кори конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, Ректори академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои дидан намудан аз гӯшаи “Душанбе қалби Тоҷикистон” Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон ҳамроҳӣ намуда, зикр намуд, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, бо ҳидоятҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё мубаддал гаштааст, ки макони тамошои меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷ гардидааст.
Зимни суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, гӯшае, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо номи “Душанбе қалби Тоҷикистон” мо таъсис додаем, метавонад дар оянда макони таҳқиқотҳои илмии муҳаққиқону олимон гардида, барои таърихи шаҳри азизамон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он корҳои таҳқиқотии илмиву амалии зиёде аз ҷониби муҳаққиқон гузаронида шавад.
Дар идома меҳмонону олимон барои таъсиси гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ободкориҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе андешаронӣ намуданд.