eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
15 September 2026
ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 14 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Душанбе қалби Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори конфронс…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 14 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Душанбе қалби Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имрӯз барои мо аҳли илм, зиёиён ва дар маҷмуъ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи муҳимму хотирмон ва фараҳбахш мебошад. Зеро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гӯшаи фарҳангиву маърифатии «Душанбе-қалби Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифат ва худшиносӣ нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги пойтахти азизамон, арҷгузорӣ ба роҳи тайкардаи шаҳри Душанбе ва як қадами муҳим дар самти ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад. Шаҳри Душанбе дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад ва он маркази сиёсӣ, роҳбарии кишвар, илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа рушд намуд. Симои пойтахт куллан дигаргун гардид, инфрасохтори муосир бунёд шуд, хиёбону кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар мавзеъҳои муҳими шаҳр ба таври назаррас ободу зебо шуданд.
Бояд гуфт, ки саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳам дар ободу шукуфо гардидани пойтахти кишвари азизамон хеле бузург мебошад. Бо ибтикор ва роҳбарии муҳтарам раис корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт вусъати тоза гирифта, барои рушди инфрасохтор, беҳтар на
мудани сатҳи зиндагии сокинон, сабзу хуррам гардонидани шаҳр, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун шаҳри муосиру пешрафта тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Дар идомаи конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, Муҳамммад Абдураҳмон - доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, Қурбонова Ширин - доктори илмҳои таърих оид ба корнамоиҳову ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози ақида намуданд.
Дар охир конфронс бо шеърхонии шоирон Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, Дониёр Сангинзода ва кормандони академияву докторантону аспирантони академия дар васфи шаҳри Душанбе ва бо супоридани ифтихорномаҳо ба анҷом расонида шуд.