Имрӯз, 11 сентябр дар толори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи…
Имрӯз, 11 сентябр дар толори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ба муносибаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Назарияи муосири солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ» ба кори худ оғоз намуда, то санаи 12 сентябри соли 2026 идома меёбад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти олимону муҳаққиқон заминаи устувор гузоштааст.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои таҳкими иқтидори илмии кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди самтҳои афзалиятноки илмӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки барои пешрафти илму техника, татбиқи технологияҳои муосир ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ доранд, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.