МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСИИ КОРМАНДОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ
Имрӯз, 3 август бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ…
Имрӯз, 3 август бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як қатор намояндагони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаю унвону нишонҳои ифтихорӣ супорида шуд.
Аз ҷумла, ба собиқадори соҳаи тандурустӣ, ҷарроҳи кӯдакон Бегмурод Адҳамов, мудири шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи марказии шаҳр Ҳикматулло Яҳёзода ва собиқ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Нигнот Сафарбой Собиров, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудаанд, ин мукофоти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба як гурӯҳ намояндагони соҳаҳои тибу маориф, саноату сохтмон, соҳибкорон, хадамоти бонкӣ, хидматрасонӣ, аҳли фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, нишону унвонҳои ифтихорӣ супорида шуд.