eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
#МУЖДАИ НАВ. МОНОГРАФИЯИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАКТАБИ ИЛМИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НАШР РАСИД
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
#МУЖДАИ НАВ. МОНОГРАФИЯИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАКТАБИ ИЛМИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НАШР РАСИД
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
24 August 2026
#МУЖДАИ НАВ. МОНОГРАФИЯИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАКТАБИ ИЛМИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НАШР РАСИД
Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Монографияи дастаҷамъонаи мактаби илмии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз чоп баромад. Мавриди зикр аст, ки мактаби устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки Пешвои…
Previous slide
Next slide
Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Монографияи дастаҷамъонаи мактаби илмии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз чоп баромад.
Мавриди зикр аст, ки мактаби устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 апрели соли 2024 баргузор гардид, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нақши устодонро дар тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди илми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Монографияи мазкур маҳз дар заминаи чунин анъанаи неки илмӣ — идомаи таҷрибаи устод аз ҷониби шогирдон ва рушди минбаъдаи мактаби илмӣ таҳия гардида, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, дастовардҳо ва саҳми намояндагони мактаби илмии академик Қобилҷон Хушвахтзода дар рушди илм ва омода намудани мутахассисони ҷавонро инъикос менамояд.
Бояд гуфт, ки зери роҳбарии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 28 нафар муҳаққиқ рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд, аз ҷумла 9 нафар рисолаи докторӣ ва 19 нафар рисолаи номзадӣ. Дастоварди мазкур аз фаъолияти самараноки илмӣ ва роҳнамоии пайвастаи устод дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташаккули мактаби илмии устувор шаҳодат медиҳад.
Дар монография дастовардҳо ва дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, низоми молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки рушди кишвар баррасӣ шудаанд.
Монографияи мазкур ҳамчун намунаи идомаи пайвастаи фаъолияти илмӣ ва рушди мактаби устоду шогирд метавонад барои муҳаққиқон, олимони ҷавон, омӯзгорон, докторантону аспирантон ва дигар алоқамандони соҳаи илм ҳамчун сарчашмаи арзишманди илмӣ хизмат намояд.