Имрӯз, 14 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо директори Парки миллии илмӣ-технологии Донишгоҳи миллии Сиан Ҷиаотунги Ҷумҳурии Мардумии Чин Ние Чуншен баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, рушди робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-технологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб рафта, табодули таҷриба, дониш ва технология метавонад барои рушди иқтидори илмӣ-инноватсионии ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷонибҳо доир ба фаъолияти паркҳои илмӣ-технологӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, рушди стартапҳо, таҳкими ҳамкории донишгоҳҳо бо корхонаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондан ва густариши ҳамкориҳои судманд дар самти илмҳои геология ва сейсмология, тақвияти робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи олимону мутахассисон, истифодаи усулҳо ва технологияҳои муосири таҳқиқотӣ, омӯзиши равандҳои геологӣ ва сейсмикӣ, таҳкими заминаи муштараки илмӣ, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ изҳори омодагӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин ҳамкорӣ метавонад дар баланд бардоштани иқтидори илмии муассисаҳои дахлдор ва таҳияи роҳҳои нави омӯзишу пешгирии хатарҳои табиӣ саҳми назаррас гузорад.
Ҳамчунин, масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи ҳамгироии саноат ва маориф байни Чин ва Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифта, имкониятҳои ҷалби муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос, такмили ихтисоси мутахассисон, табодули олимону муҳаққиқон ва ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши робитаҳои илмӣ-технологӣ, бахусус дар самти илмҳои геология ва сейсмология, иброз намуда, таъкид карданд, ки истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди илм, технология ва инноватсия дар Тоҷикистон ва Чин мусоидат намояд.