Дастоварди нави илмӣ: мақолаи директори Институти математика дар маҷаллаи байналмилалии индексатсияшавандаи Scopus ба нашр расид
Зери сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, маориф ва дастгирии олимону муҳаққиқон, дар кишвар барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва дақиқ…
Зери сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, маориф ва дастгирии олимону муҳаққиқон, дар кишвар барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва дақиқ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, бахусус дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди илми миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа ва давлат арзёбӣ гардида, олимони кишвар бо такя ба ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар самти таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он ба сатҳи байналмилалӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд.
Дар ин замина, дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бештар намудани шумораи мақолаҳои олимони Академия дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷаҳон аҳамияти махсус доранд.
Яке аз дастовардҳои нави илмии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расидани мақолаи директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу бо номи «On the asymptotic formula in the fourth-degree Estermann problem with almost equal terms: Theory and numerical validation» мебошад. Мақолаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Даврон Аслонқулович Ҷӯраев ва Youssri Hassan Youssri таҳия гардидааст.
Мақола 12 августи соли 2026 дар маҷаллаи илмии байналмилалии Open Journal of Mathematical Sciences, ҷилди 10, саҳифаҳои 1109–1123 ба нашр расида, дорои DOI-и 10.30538/oms2026.0336 мебошад.