eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
МУЖДАИ НАВ: КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ ЭКСТРЕМИЗМИ СИЁСӢ ҲАМЧУН ИДЕОЛОГИЯИ ТЕРРОРИСТИИ ЗАМОНИ МУОСИР
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
МУЖДАИ НАВ: КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ ЭКСТРЕМИЗМИ СИЁСӢ ҲАМЧУН ИДЕОЛОГИЯИ ТЕРРОРИСТИИ ЗАМОНИ МУОСИР
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
5 August 2026
МУЖДАИ НАВ: КИТОБИ ТОЗАНАШР ТАҲТИ УНВОНИ ЭКСТРЕМИЗМИ СИЁСӢ ҲАМЧУН ИДЕОЛОГИЯИ ТЕРРОРИСТИИ ЗАМОНИ МУОСИР
Муассисаи нашриявии “Дониш”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи нави узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар,…
Муассисаи нашриявии “Дониш”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
монографияи нави
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, ходими давлатӣ Юсуф Раҳмонро бо унвони “Экстремизми сиёсӣ ҳамчун идеологияи террористии замони муосир” аз чоп баровард, ки муҳарриру муқарризони ин монографияи бунёдӣ мутахассисони касбӣ профессорон - Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Зулфия Қурбонова ва Сафарализода Хуҷамурод мебошанд.
Дар монографияи мазкур экстремизми сиёсӣ ҳамчун идеологияи террористии замони муосир таҳлилу таҳқиқ ёфта, таваҷҷуҳи устодону унвонҷӯён ва мутахассисони касбиро ба худ ҷалб менамояд. Зеро таҳдидҳои амали экстремизми сиёсӣ ва терроризм на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои аҳли башарият рӯз то рӯз майли афзоиш доранд. Ин зуҳурот бештар байни гурӯҳҳои сиёсӣ, этникӣ, баъзан дар низоъҳои марзӣ, мушкилоти об, экстремизми динӣ - сиёсӣ ва дар дигар гурӯҳҳои ҷиноятии дохилию фаромиллӣ мушоҳида мешавад.
Аз ин рӯ, дар пайравӣ аз густариши бемайлони зуҳуроти экстремистию террористӣ, муаллифон изҳор менамоянд, ки вазифаи муҳаққиқони ватанӣ таҳлили илмию амиқи сабабҳои радикализатсияи муносибатҳои динию этникӣ ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ барои пешгирӣ ва коҳиши чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошад.
Ҳамин аст, ки муаллифон дар монографияи мазкур таҳлили экстремизми сиёсиро ҳамчун
идеологияи террористии замони муосир ва
шакли экстремизми динӣ-этникӣ пешниҳод карда, паҳлуҳои гуногуни онро таҳқиқу баррасӣ намудаанд. Ба андешаи муаллифон, дар раванди ҷаҳонишавӣ экстремизми сиёсӣ ба суннатҳои динӣ ва этникии халқҳои ҳамсоя низ таъсири манфӣ расонида, ба низои минтақавӣ табдил меёбад, ки ин дар бисёр мавридҳо метавонад хусусияти ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Умедворем, ки монографияи мазкур дар омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои экстремизму терроризм барои оммаи мардум, давлатмардон ва ҷомеашиносону муҳаққиқон ба гунаи дастури хуби назариявию методологӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.