Имрӯз, 1 август дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва таҳлилӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур идомаи сиёсати созандаву илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ арзёбӣ гардид.
Зимни ифтитоҳ таъкид карда шуд, ки таъсиси чунин озмоишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, рушди илмҳои табиатшиносӣ, таҳкими иқтидори илмии мамлакат ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди илмӣ, таҷдиди пойгоҳи моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
Иброз гардид, ки Озмоишгоҳи радиоэкология ва муҳити зист бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ташхисӣ, таҳлилӣ ва ченкунӣ таъмин буда, имконият фароҳам меорад, ки сатҳи радиатсионӣ, вазъи экологӣ ва сифати объектҳои муҳити зист бо дақиқии баланд муайян карда шавад. Дар озмоишгоҳ таҳқиқи намунаҳои об, хок, ҳаво, наботот, маводи ғизоӣ ва дигар объектҳои табиӣ бо истифода аз усулҳои пешрафтаи илмӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои бадастомада барои арзёбии вазъи экологӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ истифода хоҳанд гардид.
Ҳамзамон, озмоишгоҳ барои анҷом додани мониторинги мунтазами радиатсионӣ ва экологӣ, муайян намудани манбаъҳои эҳтимолии ифлосшавии муҳити зист, таҳияи хулосаҳои илмӣ, пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ва татбиқи технологияҳои муосири таҳлилӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Фаъолияти он ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таҳкими ҳамгироии илм бо истеҳсолот мусоидат хоҳад намуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз таъсиси Озмоишгоҳи радиоэкология ва муҳити зист рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши вазъи радиатсионӣ ва экологии муҳити зист, таъмини амнияти радиатсионӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои радиоактивӣ ба саломатии аҳолӣ ва экосистемаҳо, такмили низоми мониторинги муҳити зист, инчунин таҳияи асосҳои илмии қабули қарорҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Зикр карда шуд, ки самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронидани мониторинги радиатсионии муҳити зист дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, таҳлили радионуклидии намунаҳои об, хок, ҳаво, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳо, арзёбии вазъи радиоэкологӣ дар атрофи маҳфузгоҳҳои урандор, аз ҷумла дар шаҳрҳои Истиқлол, Адрасмон ва дигар минтақаҳо, ченкунии тавоноии дозаи радиатсионӣ, гузаронидани дозиметрияи инфиродӣ ва назорати ҷойҳои корӣ, таҳияи маълумот ва харитаҳои радиоэкологӣ бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин дастгирии илмӣ-таҳқиқотии корҳои солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва пешгирии таҳдидҳои радиатсионӣ ба ҳисоб мераванд. Татбиқи ин самтҳо барои таҳкими низоми миллии мониторинги радиатсионӣ, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи аҳолӣ аз таъсири омилҳои зараровари радиатсионӣ ва омода намудани тавсияҳои илмӣ барои қабули қарорҳои муҳими давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари ин, озмоишгоҳ ҳамчун пойгоҳи муосири илмӣ барои татбиқи лоиҳаҳои миллию байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ дар самти радиоэкология ва амнияти радиатсионӣ хизмат хоҳад кард.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни шиносоӣ бо имкониятҳои техникию илмии озмоишгоҳ ба масъулини филиал ҷиҳати истифодаи самараноки таҷҳизоти нав, риояи стандартҳои байналмилалии таҳқиқоти илмӣ, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъсис ва мавриди истифода қарор гирифтани Озмоишгоҳи радиоэкология ва муҳити зист боз як иқдоми муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар роҳи таҳкими иқтидори илмӣ, рушди инфрасохтори муосири илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи дастовардҳои илм дар амал ба шумор рафта, барои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти стратегии муҳим дорад.