Имрӯз, 18 июл, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳо ҷиҳати татбиқи ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту…
Имрӯз, 18 июл, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳо ҷиҳати татбиқи ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид роҳбарият бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷдиди биноҳои институт ва омодасозии озмоишгоҳи нави илмӣ аз наздик шинос гардида, ба сифати корҳои иҷрошаванда, риояи талаботи сохтмонӣ ва муҳлатҳои пешбинишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷдиди озмоишгоҳҳои илмӣ ва беҳсозии заминаи моддию техникии институт бояд бо риояи меъёрҳои муосир ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.