Имрӯз, 18 июл зимни боздид аз як қатор сохтмонҳо ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои…
Имрӯз, 18 июл зимни боздид аз як қатор сохтмонҳо ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои амалии анҷомдодашаванда дар заминҳои таҷрибавии институт шинос гардид. Ҳамчунин, аз заминҳои таҷрибавии институт боздид сурат гирифта, ҳолати онҳо, ҷараёни корҳои агротехникӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои таҷрибавӣ, парвариши намунаҳои коллексионии растаниҳо ва иҷрои таҳқиқоти илмии саҳроӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои вобаста ба такмили фаъолияти заминҳои таҷрибавӣ, истифодаи дурусти захираҳои мавҷуда, нигоҳдории коллексияҳои растанӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ муҳокима гардиданд.
Таъкид гардид, ки заминҳои таҷрибавии институт дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши навъҳои гуногуни растаниҳо, таҳияи усулҳои самараноки парвариш ва омода намудани тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим доранд.