БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ОЗМОИШГОҲИ ЭНЕРГЕТИКАИ ГИДРОГЕНӢ
Имрӯз, 18 июл дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву…
Имрӯз, 18 июл дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ боздид намуданд.
Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои онҳо, сатҳи омодагии иншоот ва муҳлати анҷомёбии лоиҳа аз наздик шинос гардиданд.
Қайд карда шуд, ки бунёди Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дар заминаи сиёсати илммеҳвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм, технология ва татбиқи навовариҳо амалӣ гардида, ба таҳқиқоти муосир дар самти энергетикаи гидрогенӣ, рушди технологияҳои сабз ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Роҳбарияти академия ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи мутобиқ ба стандартҳои муосир, риояи талаботи техникиву муҳандисӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳи мазкур барои таҳкими заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тавсеаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти энергетика ва технологияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.