Имрӯз, 15 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба супоридани маводи бойгонӣ оид ба хизматчиёни ҳарбии шӯравӣ – зодагони Тоҷикистон, ки дар асорати фашистон ҳалок шудаанд, мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «5000 қадам ба…
Имрӯз, 15 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба супоридани маводи бойгонӣ оид ба хизматчиёни ҳарбии шӯравӣ – зодагони Тоҷикистон, ки дар асорати фашистон ҳалок шудаанд, мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «5000 қадам ба ҷовидонагӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушват, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович, намояндагони Маркази байналмилалии таҳқиқоти Ҷанги дуюми ҷаҳон (шаҳри Марибор, Ҷумҳурии Словения), инчунин олимони Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори мизи мудаввар сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ ва кор бо созмонҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Қобилҷон оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфт. Таъкид гарид, ки баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҳифзи ҳақиқати таърихӣ ва гиромидошти хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихӣ, инчунин гиромидошти хотираи фарзандони Тоҷикистон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд, аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии Академия ба шумор меравад. Қайд гардид, ки маводи бойгонии ба Академияи илмҳо супоридашуда барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, таҳияи асарҳои таърихӣ ва ошкор намудани саҳифаҳои номаълуми таърихи ҷанг заминаи мусоид фароҳам меорад.