Таъкид гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада шашмоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла, 43 монография, 68китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва беш аз 1200 мақолаи илмӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ беш аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ҷумла, беш аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва беш аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 80 мақола – дар SCOPUS ва беш аз 170 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд.