eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ГӮЗАРОНИДАНИ МУШОҲИДАҲОИ АСТРОНОМӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНГЛОХ
Home
More
National Academy of sciences of Tajikistan
News
ГӮЗАРОНИДАНИ МУШОҲИДАҲОИ АСТРОНОМӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНГЛОХ
7 July 2026
ГӮЗАРОНИДАНИ МУШОҲИДАҲОИ АСТРОНОМӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНГЛОХ
Бо мақсади татбиқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин иҷрои барномаҳои мушоҳидавӣ вобаста ба омӯзиши ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз 22 то 25 июни соли 2026 гурӯҳи кормандони илмии…
Previous slide
Next slide
Бо мақсади татбиқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин иҷрои барномаҳои мушоҳидавӣ вобаста ба омӯзиши ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз 22 то 25 июни соли 2026 гурӯҳи кормандони илмии Институт иборат аз Ҳамроев У.Х., Сафарзода С.Н., Амиралиев С.К., Сатторзода А.А. ва Парвизи О. ба Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох сафарбар гардиданд.
Ҳадафи асосии сафари хизматӣ анҷом додани мушоҳидаҳои астрометрӣ ва фотометрии ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири расадхона, ҷамъоварии маводи босифати мушоҳидавӣ, такмили пойгоҳи маълумотҳои илмӣ ва саҳмгузорӣ дар мониторинги байналмилалии ҷирмҳои наздизаминии эҳтимолан хатарнок, инчунин омӯзонидани кормандони ҷавон оид ба тарзи идоракунии телескоп, истифодаи камераҳои рақамии астрономӣ ва барномаҳои махсуси идоракунии онҳо ба ҳисоб мерафт.
Мушоҳидаҳо бо истифода аз телескопи рефлектории Сейс-1000, ки яке аз асбобҳои асосии мушоҳидавии Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мебошад, анҷом дода шуданд.
Тибқи барномаи пешбинишуда, дар давоми се шаби мушоҳида корҳои илмӣ ба омӯзиши ду ҷирми Системаи Офтобӣ равона гардиданд:
· астероиди эҳтимолан хатарноки 152637 (1997 NC1);
· кометаи даврии 10P/Tempel 2.
Бо риояи талаботи техникии мушоҳидаҳо барои ҳар ду ҷирм силсилаи пурраи экспозитсияҳо бо вақтҳои гуногуни таъсир аз 5 то 60 сония иҷро карда шуданд. Интихоби вақти экспозитсия вобаста ба равшаноӣ, суръати ҳаракати кунҷии ҷирм ва шароити атмосфера муайян карда шуд, ки имкон дод сифати баланди маълумоти мушоҳидавӣ таъмин гардад.
Дар натиҷаи корҳои иҷрошуда зиёда аз 700 тасвири рақамӣ ба даст оварда шуданд. Маҷмӯи маълумоти ҷамъоваришуда барои гузаронидани марҳилаҳои минбаъдаи коркарди илмӣ, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Илова бар ин, дар ҷараёни сафари хизматӣ ҳолати техникии таҷҳизоти мушоҳидавӣ ва системаҳои идоракунии телескоп мавриди санҷиш қарор гирифта, корҳои омодасозӣ ва танзими онҳо пеш аз оғози барномаи мушоҳидавӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо барои таъмин намудани устувории кори таҷҳизот ва баланд бардоштани сифати маълумоти бақайдгирифташуда мусоидат намуданд.
Хулоса.
Натиҷаҳои сафари хизматӣ нишон медиҳанд, ки тамоми вазифаҳои дар барномаи мушоҳидавӣ пешбинишуда пурра ва дар муҳлати муайяншуда иҷро гардиданд. Маводи мушоҳидавии бадастомада баъди анҷоми тамоми марҳилаҳои коркарди илмӣ барои таҳияи мақолаҳои илмӣ, пешниҳоди натиҷаҳо дар конференсияҳо ва ирсоли маълумоти астрометрӣ ба марказҳои байналмилалии коркарди маълумот истифода хоҳад шуд.
Centralised website of government and municipal services
President of the Republic of Tajikistan
Government of the Republic of Tajikistan
National Assembly of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan
AMIT "Khovar"
National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan